ҶАВОНОН БОЯД ҲАДАФҲОИ МИЛЛӢ ВА СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАРРО ҲАМАҶОНИБА ҲИФЗ НАМОЯНД!

Муъминобод: Вокуниш  

Дар раванди пуртазоди ҷомеаи ҷаҳонӣ марҳила ба марҳила талош барои мубориза бо равандҳои идеологӣ вусъат меёбанд. Аз ин рӯ, ҳар як миллату давлатро зарур аст, ки баҳри  ҳифзи манфиятҳои миллии хеш талош варзад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он аз зумраи он халқияту давлатҳое аст, ки аз таърих то ба имрӯз баҳри ҳифзи фарҳангу манфиятҳои миллӣ саъй менамояд, ки дар ин рост заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир арзёбӣ карда мешаванд. Бо талошҳои ин фарзонафарзанди Ватан Ҷумҳурии Тоҷикитон ва мардуми он аз вартаи ноумедӣ ва парокандагӣ наҷот ёфта, ба як кишвари соҳибистиқлолу пешрафта табдил ёфт.

Албатта, ин пешрафту ободӣ душманони кишварро ноором сохт. Заҳмату талош ва нақшаҳои касифи ин нохалафон барбод рафт ва мардум аз ҳадафҳои нопоки онҳо бохабар шуданд.

Замоне ки Тоҷикистон навакак аз вартаи ҷангу ҷидол раҳоӣ ёфта буд, ТТЭ ҲНИ бо фиребу найранги мардум гӯё ба худ боварӣ пайдо карда, амалҳои касифи хешро роҳандозӣ кардан мехостанд ва бо ин васила дубора маруми тоҷикро пароканда кардан ва сарсону саргардон кардани буданд. Лекин, хушбахтона, зиракиву сиёсии Пешвои миллат ва амнияти кишвар боис гашт, ки садди роҳи ин нохалафону душманон гирифта шавад.

Пас аз оне, ки онҳо ба мақсаду ниятҳои хеш нарасиданд, бо дастгирии хоҷагони хориҷияшон ба хориҷа фирор карданд. Имрӯзҳо ин нохалафон бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ миёни мардум иғвоандозӣ намуда истодаанд. Мехоҳанд, ки бо баёнкардани мушкилиҳои ҷомеа худро ватандӯст нишон дода, обру ва нуфӯзи хешро баланд бардоранд. Аммо мақсади онҳо танҳо таблиғи ҳадафҳои хеш аст. Бо ин васила мақсад доранд, ки миёни мардуми тоҷик “машҳур” бошанд ва худро “ватандӯст” нишон диҳанд. Лекин мардуми тоҷик хуб медонанд, ки онҳо чӣ мақсаду ният доранд. Зеро нафаре, ки дар Тоҷикистон барои пешрафту ободӣ ва беҳтар кардани зиндагии мардум талош меварзад бе ягон таблиғу ташвиқ, албатта, миёни мардум машҳур мешавад ва ниёз ба таблиғу ташвиқ надорад.

Имрӯз аксари ҷавонони кишвар аз шабакаи Интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд ва ин нохалафон низ дар сомонаҳо каналҳои худро дошта, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки ҷавоноро шомили гурӯҳҳои худ гардонанд. Бо ақидаҳои бардуруғ ба мағзи ҷавонон таҳсир расонидан мехоҳанд. Аммо ягона роҳи муборизаи мо - ҷавонон бар зидди ин душманон зиракии сиёсӣ ва омӯзиши илму технологияи муосир аст. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки ҳушёру зирак ва эҳтиёт бошанд ва кӯшиш намоянд, ки аз ҳадафҳои миллӣ ва сулҳу суботи кишвар ҳамаҷониба ҳифз намоянд.

Умедҷони Каримхон,

аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод