АМИРЗОДА САЙВАЛӢ – Муовини аввали раиси ноҳияи Муъминобод

Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ санаи 16 июли  соли 1978 дар ноҳияи Муъминобод, вилояти Хатлон  дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи пурраро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4 ноҳияи Муъминобод гирифта, соли 1995 ба бахши рӯзонаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, факултаи иқтисодиёт ва идора дохил мешавад. Донишгоҳро  соли  2000 бо гирифтани диплом аз рӯи  ихтисоси иқтисодчӣ хатм менамояд. Баъди хатми донишгоҳ  то моҳи майи соли 2001 нозири  нозироти андози ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз моҳи майи соли 2001 то соли 2004 нозири калони шуъбаи фаврии фурудгоҳи нақлиёти ҳавоии Раёсати гумруки шаҳри Душанбе, солҳои 2004-2005 нозири департаменти гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2005-2007 нозири калони шуъбаи гумруки ноҳияи Ҳисори Раёсати ВДПДҶТ дар шаҳри Турсунзода, солҳои 2007-2010 нозири гумруки майдони ҳавоии Раёсати гумруки минтақавии гумруки  шаҳри Душанбе, солҳои 2010-2013 соҳибкор инфиродӣ, солҳои 2013-2016 нозири калони Раёсати танзими тарифҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то моҳи августи соли 2016 сардори дидбонгоҳи гумруки ноҳияи Данғара, Раёсати румруки вилояти Хатлон, солҳои 2017-2018 сарнозири дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирони гумруки «Майдони ҳавои»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз декабри соли 2018 то ҳол фаъолияташро ба ҳайси муовини якуми раиси ноҳияи Муъминобод идома дода истодааст.   

Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ оиладор, соҳиби 5 фарзанд.