САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ОБОДИИ МАҲАЛ

Муъминобод:  

Ҷавонону фаъолони ноҳияи Муъминобод дар баробари калонсолон дар ҳашарҳои дастаҷаъмона фаъолона иштирок намуда, кӯчаву хиёбонҳои марказии ноҳияро тозаву озода ва рангубор карда истодаанд.Чавонону фаъолони ноҳия ифтихор аз он мекунанд, ки имрӯз дар як фазои орому осуда, истиқлол ва сулҳу ваҳдат зиндагӣ ва таҳсил намуда истодаанд. Аз ин рӯ, бо қаноатмандӣ иброз медоранд, ки истиқлолият ганҷинаи бебаҳои давлати мо ба ҳисоб рафта, ин ободӣ ва ин шароити мусоид ба мо имкон медиҳад, ки илмҳои замони муосирро ба пуррагӣ аз худ намуда, баҳри пешрафту ободии ин сарзамин нақши муассири хешро гузорем