САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Муъминобод:  

Мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба корҳои созандагию ободонӣ ва истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, бахусус, ғаладонагиҳо, ҷамъоварии меваю сабзавот, пардохти саривақтии ҳаққи нерӯи барқ, об ва андоз инчунин, ҷиҳати тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб дар Ҷамоати шаҳраки  Муъминобод бо иштироки масъулини кумитаву идораҳои давлатӣ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо усули “Хона ба хона” миёни сокинон вохӯрӣ доир карда шуд.

Маълум гардид, ки сокинон кишвар дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, дар як қитъаи замини наздиҳавлигӣ якчанд намуди сабзавот, аз қабили картошка, пиёз, помидор, сабзӣ, бодиринг, қулфинай ва дигар намуди онҳоро кишт намуданд, ки харидорӣ  кардани ин гуна маҳсулот барои чунин оилаҳо зарурат надорад.

Ҳамчунин, аз ҷониби ҳайати корӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳи зиндагӣ ва истифодаи самараноки замин тавсияҳои судманд дода шуд.