ВОХӮРИ БО ҶАВОНОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ҷиҳати вохӯрӣ бо сокинон ва ҷавонони кишвар вобаста ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод миёни хонандагони синфҳои болоӣ ва сокинони ноҳия вохӯриҳо доир гардида истодаанд.

Иштирокдорони чорабинӣ зимни суханронӣ иброз намуданд, ки риояи қонунҳои мамлакат ин танзими кору фаъолият ва зиндагии сокинон аст. Аз ин рӯ ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки қонунҳои асосиро риоя намуда, баҳри пешрафти зиндагии худ ва давлату мамлакат таъсиргузор бошад.