ВОХУРИ ВОБАСТА БА ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ МИЁНИ СОКИНОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба баргузор намудани суҳбату мулоқотҳо бо сокинону фаъолон ва ҷавонон ҷиҳати омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар соли 2024-2024, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои муҳим миёнаи сокинон суҳбату мулоқот доир карда шуд.

Иштирокчиён вобаста ба мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз қабили омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ҷашнҳои миллӣ, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замин, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баррасии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» суханронӣ намуданд.

Инчунин, таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ ҷавононро бештар бо ваъдаҳои бардуруғ ба гурӯҳои хеш шомил карда истодаанд. Аз ин рӯ, мо падару модарон ва сокинону ҷавонони ноҳияро зарур аст, ки фарзандони хешро ҷиддӣ назорат намуда, кӯшиш намоем, ки онҳоро бештар барои омӯзиши илму дониш ва тарзи дуруст истифода бурдани техникаву технология ва сомонаҳои иҷтимоӣ роҳнамоӣ кунем. Зеро тақозои замон водор месозад, ки мо дар истифодаи Интернет ҳушёр бошем, чунки як лаҳза ва як андешаи ноҷо зиндагии моро барбод медиҳад.