Вохӯрӣ бо ҷавонон ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба баргузор намудани суҳбату мулоқотҳо бо сокинону фаъолон ва ҷавонон ҷиҳати омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар соли 2024-2025, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замин, риояи қонунҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои муҳим вохурӣ доир гардид.

Иштирокчиён вобаста ба мавзӯҳои мубрами рӯз баромад намуда, ба масъалаи даъват ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таваҷҷуҳ бештар зоҳир намуданд.

Қайд карда шуд, ки хизмати Ватан – Модар яке аз вазифаҳои муқаддас ва асосии ҳар як ҷавон ва сокини мамлакат ба ҳисоб рафта, ҷавононро зарур аст, ки баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ва посдории сулҳу субот дар мамлакат ҳамеша омода бошад. Чунки ояндаи неки ин сарзамин аз ҷавонони донишманду шуҷо вобастагии махсус дорад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар барои таълиму тарбия ва хизмати ҷавонон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ тамоми шароити созгорро муҳаё намудааст.