АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР» ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ МУЪМИНОБОД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод  дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и Ҷамоати шаҳраки Муъминобод аксияи ниҳолшинониро роҳандозӣ намуданд.

Дар аксияи ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолон иштирок намуда, зиёда аз 78 адад дарахти арча шинониданд. Чунин иқдомҳо дар ҳудуди ноҳия низ бо ибтикори ҳизбиёни ноҳияи Муъминобод идома дода мешаванд.