БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ МИЁНИ ҶАВОНОН

Муъминобод: Созандагони ватан  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ва дар ҳамкори бо ташкилоти ибтидоии Бахши ҷавонон ҷиҳати вохӯрӣ бо сокинон ва ҷавонони кишвар вобаста ба риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», инчунин ҷиҳати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии Бахши ҷавонон Хуршеди Холмурод, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Муъминобод миёни хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ доир карда шуд.

Намояндаи ташкилоти ибтидоии Бахши ҷавонон зимни вохӯрӣ бо хонандагони муассиса иброз намуданд, ки ҷавонони кишвар вазифадоранд, ки аз шароиту имконоти фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар самаранок истифода бурда, кӯшиш намояд, ки илму дониш ва касбҳои муосирро аз худ намуда, содиқона дар ободиву пешрафти Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар нақшгузор бошанд.

Аз ин рӯ ҷавононро зарур аст, ки ҳамеша пайи илму дониш бошанд. Кӯшиш намоянд, ки бо омӯзиш ва ихтирооти хеш дар рушду нумуъи ин сарзамин нақши арзанда гузоранд, зеро ин Ватан ба ҷавонон бовар дорад ва танҳо такя бар онҳо мекунад.