МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВАЗИФАИ ТАМОМИ ҶОМЕА АСТ

Муъминобод: Вокуниш  

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубо­риза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини ам­нияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷуҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Ватанӯстӣ, хизмат ба Модар-Ватан, шоистатарин амали инсонӣ маҳсуб меёбад, ки аз хар як шахси Ватандор садокату муҳаббати покро талаб менамояд. Лекин дар ҳама давру замон буд ва ҳаст тоифаи мардумоне, ки ба  ҷои  амали шоистаю нек амали зишту фасод ва ба ҷои хизмати арзанда намудан ба Модар ва Ватан "хизмати" дурӯғини пардапӯш менамоянд.

Ин тоифа дар фаъолияти худ манфиатҳо ва ҳадафҳои стратегии дигар давлат, шахсият  ва  созмону   ташкилотҳоро инъикосу амалӣ менамоянд. Самт ва усули асосии кору фаъолияти ин гурӯҳҳо иғвоангезӣ, ҷудоиандозӣ, тарғиби андешаҳои  зиддидавлатӣ,  калону воҳиманок нишон додани камбудиҳои ҷомеа  ва  сӯистифода  аз   тамоми муқаддасот бар ивази амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ ва ба ин васила забти ҳокимият мебошад.

Ин тоифа дар роҳи бунёдкориву созандагӣ танҳо бо забон амал намуда, аз дин, оин, имон, виҷдон, номус ва номи миллату давлат сӯистифода менамоянд ва худро "дилсӯз"  нишон медиҳанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар амалҳо ва дасисабозиҳои Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол барин хоинони ватан дида мешавад, ки бо даъвои волояти қонуну ҳифзи ватану миллат, миёни ҷомеа иғвоангезӣ намуда, аз кӯчактарин масъала фоҷиаи давр месозад.

Таърих амалкарди ин гурӯҳ ватанфурӯшону миллатфурӯшонро ҳеҷ гоҳ  фаромӯш нахоҳад кард. Дар  мафкураи мардум онон ҳамчун хоинони миллат сабт гардидаанд. Ин хоинону нотавонбинон баъди адо кардани хизмати хоҷаҳояшон нозарур шуда, оқибат дар олами фаромушӣ ва бекасию беватанӣ нобуд мешаванд.

Онҳо обрӯ эътибор ва шаъни инсониро аз даст дода, ҷор мезананд, ки дар Тоҷикистон пешрафту комёбӣ нест. Лекин аллакай ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон корҳои бузурге сомон ёфтаанд. Рушду тараққиёт дар ҳамаи соҳаҳо дида мешавад, нотавонбиниву хурдагирии бадхоҳони миллат раванди созандагиву ободиро суст намекунад.

Оид ба пешгирии фирефташавии ҷавонон ба дасисаҳои ин гуррӯҳҳои ифротӣ ва моҷароҷӯ аз ҷониби ҷомеа бояд тадбирҳои саривакти андешида шавад. Яке аз тадбирҳои ҳадафрас ба акидаи ин ҷониб таҳлили барнома, оиннома, марому мақсади ин ҳизбу ҳаракатҳо,  ошкор сохтани мақсади аслии онҳо ва танқиди ошкорои шахсони қонуншикан, ришвахӯр, ахлоқан нопок, бегонапараст ва манфиатҷӯ мебошад.


 Сайрамбӣ Ҷалилова,

 муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод