ДАР ИСТИФОДАИ ИНТЕРНЕТ ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ЭҲТИЁТКОР БОШЕД!

Муъминобод: Вокуниш  

Имрӯзҳо бо фаъол гардидани Интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ ташкилотҳои террористӣ фаъол гашта, аз ин фурсати фароҳамоварда самаранок истифода бурда истодаанд. Ин гуна ташкилотҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ каналҳои худро дошта, ба ҳар роҳу восита ва аксу видеоҳои бардуруғ ҷавононоро бештар ба доми фиреби худ андохта истодаанд. Аз ин рӯ, ҷавонон ва истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоиро зарур аст, ки аз роҳу воситаҳое, ки онҳоро ба ин гуна гурӯҳҳо шомил мегардонад эҳтиёт бошанд. Вобаста ба ин масъала чанд роҳи шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳоро менамоем, то ҷавонон ҳангоми истифодабарии Интернет эҳтиёкор бошанд.

  1. Агар дар блогҳои онҳо коментария карда “лайк” гузоранд, дар

“Твиттер” ва дигар сомонаҳо бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, фикри хешро баён намоянд, ба шахсоне,  ки оиди дину мазҳаб ва ҷиҳодбаҳс мекунанд, ҳамфикр гашта андешаи худро иброз кунанд ё дар чатҳои онҳо аъзо бошанд.Чунин тарзи гуфтугу дар Интернет метавонад дар як бор шахсро ба сӯйи терроризму экстремизм равона кунад.

  1. Ташкилотҳои террористӣ дар сомонаҳои интернетӣ аз роҳу воситаҳое

истифода мебаранд, ки дар ҳол шахсро ба худ ҷалб карда, фикру ақида ва тафаккури ӯро бо ваъдаҳои бардуруғ иваз карда, асаби одамро тавассути зулму роҳҳои гуногун ба роботе, ки  мур гӯйӣ мемурад, рав гӯйӣ меравад, табдил медиҳанд.

Пас, ҷавононро зарур аст, ки дар истифодаи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёт карда,  дар сомонаҳои интернетӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳое, ки хусусияти ифротӣ доранд пайваст нашаванд. Ҳатто, гузоштани “лайк”  дар матни яке аз аъзоёни чунин гурӯҳҳо метавонад ҳаёти туро зери хатар гузорад.

Таърих гувоҳ аст, ки бар зидди терроризм, экстремизм ва тундгароии динӣ ягон кишвар танҳо мубориза бурда наметавонад. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид мекунанд, ки ҳукуматҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои махсус бояд дастаҷамъона бар зидди ин муаммо, вабои асри XX муташаккилона мубориза баранд. Яъне, ин муборизаи гурӯҳи муайян набуда, балки вазифаи тамоми ҷамъият ба ҳисоб меравад. 

Умедҷони КАРИМХОН, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод