МО - ҶАВОНОН КУШИШ НАМОЕМ БОЯД ФИРЕФТАИ ҲАРГУНА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ НАГАРДЕМ

Муъминобод: Вокуниш  

Солҳои охир доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фунтаментализм, терроризм ва  дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо зиёд  ҳарф мезананд ва менависанд. Аз ин рӯ, бояд донист, ки экстремист,  шахсест, ки  дар фаъолияти худ  ҷонибдори амалҳои якравию тундравист. Ин ба фаъолияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод  меорад. Аксари мусалмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики ғарб сиёсати дӯруғ, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд.     

Мутаассифона, аксари онҳое, ки  бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи он ошно нестанд, чунки ба ақидаи онҳо ба ислом вислати ситезу тундравӣ, таҷовузгарӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Зеро «Қуръон»-и Карим, ҳадис, аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният, зарурати сулҳ,  ризоият,  таҳаммул, оромӣ, амнияту адолатро  дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ таъкид намудааст.

Айни замон байни давлатҳои абарқудрати ҷаҳон рақобат ба вуҷуд омадааст, ки кушиши  соҳиби нуфӯз шудан дар ин ё он минтақаи олам, ба даст овардани захираву  сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, мавқеи афзалиятноки  стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад. Дар аксар маврид онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки миёни ду дини бузурги ҷаҳонӣ  ислом ва масеҳият  зиддият  барангезанд.

Чӣ тавре ки дар боло зикр намудем, террористон ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷӯю таҷовузкор, бадбину ситезаҷӯ муаррифи намуда  фарҳангу таммадун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф  ва намунаи ибрат мешуморанд. Яке аз омилҳои тезутунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусалмонӣ ба давлатҳои ғарбӣ маҳз ҳамин сиёсати дугунагӣ аст, ки боиси  пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони динӣ  мегардад.

Аз ин рӯ, мо - ҷавонон ва ҳар як фарди солимақли Тоҷикистони азизро мебояд сатҳи саводнокии динию дунявии худро боз ҳам тақвият бахшем, то фирефтаи  ҳаргуна дасисаи фитнаангезони тундрав нагардем.

 

Фурқат Раҳимов,

роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон

«Созандагони Ватан» дар ноҳияи Муъминобод