БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОНИШГОҲ

Кӯлоб: Созандагони ватан  

Санаи 25.04.2024 дар КИИ “ОЛИМОН” мизи мудаввар дар мавзуи “Равондармонӣ: василаҳои муассири пешгирии хушунат дар оила ва даст назадани ҷавонон ба худкушӣ” баргузор гардид.

Дар ин мизи мудаввар сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, директори маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб Балучева Қурбонгул, мудири шуъбаи занони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шоева Дилноза, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Разоқов Наврӯз ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Нахуст, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром суханронӣ намуда, мавзуҳои баррасишавандаи мизи мудавваро ба аҳли нишаст эълон намуданд.

Сипас, дотсент Шарипов Анвар дар мавзуи “Равондармонӣ: василаҳои муассири пешгирии хушунат дар оила ва даст назадани ҷавонон ба худкушӣ” ва Назарова Хосият дар мавзуи “Сабабаҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонон”маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Сипас, тибқи барномаи таҳрезигардида, дар фарҷоми мизи мудаввар музокирот доир гардид ва иштироккунандагон доир ба мавзуъҳои зикргардида фикру андешаҳои арзишманди хешро иброз намуданд.