ҲЕҶКАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМУШ НАМЕШАВАД

Кӯлоб:  

Ба муносибати 79 - умин солгарди иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сино” чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, собиқадори ҳизбу меҳнат Зулайхо Комилова, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сино”, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва хонандагони муассиса иштирок доштанд. Пеш аз оғози чорабинӣ дар саҳни ташкилоти мазкур меҳмононро истиқболи самимона намуданд.

Нахуст раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Сино” Набизода Ворис ба сухан баромада, қайд намуд, ки ниёгони мо солҳои 1941-1945 бори дигар исбот намуданд, ки  бо вуҷуди он ки ҷанг фарсангҳо аз Тоҷикистон дур буд ҷавонмардони ин сарзамин бо ғурури баланди миллӣ довталабона ба ҷанг рафта, дар майдони мубориза алайҳи фашизм бо корнамоиҳои беназири худ бори дигар ба ҷаҳониён насли Рустами Достон буданашонро нишон доданд.

Дар идомаи чорабинӣ Даминзода Арафамо қайд карданд, ки боиси ифтихор аст, ки барои ҷасорат ва шуҷоат дар набардҳо дар мубориза бо фашизм 56 ҳазор нафар тоҷикистониён бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз шуда, 54 нафар ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ноил ва 15 нафар ба дараҷаи ордени Шараф комёб шудаанд ва нақши тоҷикон дар ин ҷанг хеле назаррас мебошад.

Дар интиҳои чорабинии идона собиқадоронӣ ҳизбу меҳнат аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроия, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.