БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

Кӯлоб:  

25.04.2024 дар КИИ “ОЛИМОН” маҳфили “Рӯзноманигори ҷавон” баргузор гардид.

Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид, ассистенти кафедра, ҳамзамон роҳбари маҳфил Муродов Ҷамил ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ ширкат варзиданд.

Нахуст мудири кафедра Алишери Абдулмаҷид суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас, декани факултет Зулфиев Гадомад баромад намуда, оиди пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуданд.

Баъдан, Ҳасанзода Бибисоро, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Журналистика ҳамчун касб аз байн меравад?” ва Сайдаҳмадова Марям, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “ВАО ва таъмини амнияти иттилоотӣ” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни маърӯзачиён ва аъзоёни маҳфил ба анҷом расид.