ОМӮЗИШИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ “ГАНҶИ ДОНИШ”

Кӯлоб:  

Дар доираи озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони “Беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизби дар соли 2024” гурӯҳи корӣ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷи дониш”  дидан намуд.

Аз тарафи гурӯҳи корӣ ҳуҷҷатнигории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ омӯзиш карда шуда, ба роҳбари ташкилоти мазкур дастур дода шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар муҳлати кутоҳтарин ислоҳ намоянд.

Инчунин, зимни омузиш масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд: Танзими ҳаракати аъзои ҳизб, зиёд кардани сафи аъзои ҳизб ва саҳм гузоштан дар рушди фаъолияти ҲХДТ.

 

Шуъбаи таблиғот, иттиллот

ва матбуоти КИ ҲХДТ

дар шаҳри Кӯлоб