ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ТЕХНОЛОГ”

Кӯлоб:  

Санаи 17.04.2024 бо мақсади иҷрои риояи «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон, донишҷўён ва омўзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳисоби омӯзгорону донишҷӯён вохӯрии кормандони ҳифзи ҳуқуқи ҚМ РВКД оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ бо донишҷӯён нозири калони гурӯҳи огоҳони пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ҚМ РВКД оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб майори милитсия Бобохонзода Ситора баромад намуда, зимни баромади хеш қайд доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини сулҳу субот рукнҳои давлатдорӣ ва фарҳанги миллии худро дубора эҳё карда, мақоми шоистаро дар арсаи ҷаҳонӣ пайдо намуд. Яке аз рукнҳои фарҳанги миллӣ ин дубора эҳё шудани либос ва тарзи пўшидани он буда, риояи рукни мазкур барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар муҳим арзёбӣ мегардад.

Либосҳои тавсиявӣ дорои хусусияти хос буда, дар такмили тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ ва маънавии хонандагону донишҷўён, болоравии худшиносӣ ва ифтихори миллии онҳо нақши асосӣ мебозад. Пўшидани либоси тавсиявӣ дар замири хонандагон ва донишҷўён ҳисси баланди зебоипарастӣ, ифтихори ватандорӣ, хештаншиносӣ, одобу ахлоқи намунавӣ, озодагии хулқу атвори ҳамидаро тарбия намуда, онҳоро водор месозад, ки нисбат ба либосҳои миллӣ ҳамчун арзишҳои миллӣ арҷгузор бошанд.

Инчунин дар идомаи вохӯри мавзуҳои аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, пешгирии хурофотпарастӣ ва пушидани сару либоси ба фарҳанги мо бегона мавриди бараси қарор дода шуд.