ОМИЛҲОИ РУШДИ МУОШИРАТ ДАР БАЙНИ МАКТАББАЧАГОНИ ХУРДСОЛ

Кӯлоб: Андеша  

Дар ҷомеаи муосир, қобилияти муоширати муассир яке аз малакаҳои калидӣ барои мутобиқшавии бомуваффақият дар ҷомеа ва ноил шудан ба ҳадафҳои шахсӣ ва касбӣ мебошад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ба ташаккули фарҳанги муошират аз синну соли хурди мактабӣ шурӯъ кард.

Сину соли хурди мактабӣ, сину солест, ки дар он пояҳои дӯстӣ, меҳрубонӣ, бофазилатӣ, рафоқат, ростқавлӣ гузошташуда, минбаъд ин сифатҳои ахлоқӣ амиқтар ва мустаҳкамтар мегарданд. Кӯдакон мунтазири талаба муаллим нашуда, қоидаву меъёрҳои ахлоқиро ба осонӣ меомӯзанд ва мувофиқи он амал мекунанд. Худи онҳо кушиш мекунанд, ки ба амалиёти якдигар таъсир расонанд. Масалан, агар яке аз ҳамсинфон хурдсолонро ранҷонанд, дар ин бора ба муаллим арз мекунанд; дар вақти экскурсия касе тартиботро вайрон кунад, рафиқон эрод мегиранд ва дар ин бора фавран ба муаллим хабар медиҳанд; яке аз хонандагон ҳангоми дарс бо овози баланд гап занад, ӯро фавран бозмедоранд ва ғайра. Аз тарафи мактаббачагони хурдсол бошуурона аз худ намудани қоидаю меъёрҳои одатҳои маданияти муошират ва риояи онҳо дар фаъолияти амалӣ шарти асосии инкишофи ахлоқии онҳо ба ҳисоб меравад. Мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки мактаббачагони хурдсол зуд дарк мекунанд, ки онҳо бояд чигуна меъёрҳои ахлоқиро омӯзанд, то тибқи қоидаҳои муқарраршуда дар мактаб ва хона амал кунанд.

Хусусиятҳои ташаккули одатҳои фарҳанги муошират дар байни мактаббачагони хурдсол инчунин дар он зоҳир меёбад, ки онҳо наметавонанд ҳама вақт бархӯрди меъёрҳои ахлоқиро дуруст дарк кунанд. Раванди ташаккули одатҳои фарҳанги муошират дар байни мактаббачагони хурдсол аз он вобаста аст, ки онҳо он меъёрҳои дигари ахлоқиро чи гуна фарқ ва дарк карда метавонанд. Ин раванд бештар дар интихоби мустақилонаи рафтор зоҳир мегардад. Маҳз дар ҳамин ҳолат мактаббачагони хурдсол амалҳои худро дарк мекунанд ва баҳо медиҳанд, онҳоро бо амали ҳамсафони худ муқоиса мекунанд. Мактаббачагони хурдсол дар љараёни зиндагӣ ва фаъолияти худ ҳангоми интихоби рафторҳои ахлоќӣ ба душвориҳои зиёд дучор мегарданд ва бояд худашон бо донишҳои азхудкардаи ахлоќӣ онҳоро мустақилона ҳал кунанд.

Кӯдакон бояд фарҳанги муоширати маданиро омӯзанд, аммо барои ин бояд донист, ки бо кадом роҳ ва чӣ гуна тарбия бояд кард. Ҳар як дарс дар мактаб то андозае дарси тарбияи ахлоқ аст. Вазифаи мактаб ва падару модарон аз он иборат аст, ки ҳар як сухану рафтори мазмуни тарбиявидошта ба қалби хонандагон абадӣ дохил шавад.

Дар раванди фарҳанги муоширати мадании мактаббачагони хурдсол муҳити зист ва муҳити оилавӣ нақши муҳим мебозад: тозагӣ ва тартибот дар хона, ташаккули муносибатҳои хуби аъзоёни оила, хусусияти кори аъзоёни оила ва ғайра. Мутаассифона, дар байни падару модарон ҳанӯз ҳам одамон ёфт мешаванд, ки на ба гуфтори фарзандонашон ва на ба гуфтори худашон эътибор медиҳанд. Ҳар як аъзои оила бояд қоидаҳои муайяни фарҳанги муоширатро бо кӯдакон риоя кунанд, на ин ки кӯдакро бо қаҳру ғазаби худ беҷуръат тарбия намояд.

Зеро, ташаккули фарҳанги муошират як раванди мураккаб ва бисёрҷанбаест, ки иштироки ҳам омӯзгорон ва ҳам волидонро тақозо мекунад. Бо вуҷуди ин, муҳити таълим дар мактаб дар ташаккули малакаҳои муоширати кӯдакон нақши махсус мебозад. Бинобар ин риояи якчанд шартҳои педагогӣ, ки ба ташаккули фарҳанги муоширати мактаббачагони хурдсол мусоидат мекунанд, инҳоянд:

1. Ташкили муҳити бехатар. Кӯдакон бояд дар синф худро бароҳат ва ором ҳис кунанд. Барои ин омӯзгорон бояд муҳити гарму самимӣ фароҳам оранд.

2. Таълими саводнокии эмотсионалӣ. Ба кӯдакон омӯзонидан муҳим аст, ки эҳсосоти худро идора кунанд. Омӯзгор бошад метавонанд аз бозиҳо, намунаҳои нақш ва мубоҳисаҳои гуногун истифода баранд, то ба кӯдакон дар фаҳмидани эҳсосоти онҳо ва омӯхтани ҳамдардӣ кӯмак расонанд.

3. Ташаккули малакаи шунавоии фаъол. Омӯзгорон бояд ба кӯдакон омӯзонанд, ки дигаронро фаъолона гӯш кунанд ва ба суханони ҳамсинфонашон таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд. Ин ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки қобилияти гӯш кардан ва фаҳмидани дигаронро инкишоф диҳанд ва қобилияти муоширати онҳоро беҳтар созанд.

4. Истифодаи корҳои муштарак ва дастаҷамъӣ. Фаъолиятҳои гурӯҳӣ ва бозиҳо ба рушди малакаҳои муошират ва ҳамкорӣ дар кӯдакон мусоидат мекунанд. Ин намуди фаъолият ба кӯдакон меомӯзонад, ки дар як даста кор кунанд, якдигарро гӯш кунанд ва қарорҳои умумӣ қабул кунанд.

5. Дастгирӣ ва моделсозии муоширати дуруст. Омӯзгор бояд барои кӯдакон дар муошират намуна бошад. Онҳо бояд аз шаклҳои мусбати муошират, хушмуомила ва эҳтиром истифода баранд, то кӯдакон ба онҳо тақлид кунанд.

6. Кор бо низоъ ва рафтори манфӣ. Муаллимон бояд ба кӯдакон тарзи ҳалли низоъҳоро бо роҳи осоишта омӯзонанд ва ба онҳо ҷавобҳои алтернативӣ ба рафтори манфӣ омӯзанд. Муҳим аст, ки кӯдакон дарк кунанд, ки муоширати созанда роҳи муассиртар барои ҳалли мушкилот аст.

Бинобар ин, ташаккули фарҳанги муошират дар байни хонандагони хурдсол раванди тӯлонӣ буда, кори доимӣ ва дастгирии омӯзгорону волидонро тақозо мекунад. Аммо ташкили чунин фарҳанги муошират дар мактаб на танҳо ба кӯдакон дар ҷомеа бештар мутобиқ шудан мусоидат мекунад, балки ба рушди нерӯи шахсии онҳо ва ташаккули шахсияти комили онҳо мусоидат мекунад.

Шарифова Г.Р., Шеров Р.А. - Омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ