БАРОИ ТАЪМИНУ ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ДАВЛАТ ВА ХАЛҚАМОН ҲАМЕША ОМОДА БОШЕМ

Кӯлоб:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бойгонии минтақа” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои муҳимми фаъолияти ҳизбӣ мулоқот баргузор гардид.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, қайд намуданд, ки мунтазм доир намудани суҳбату вохӯриҳо дар натиҷа имконият фароҳам меорад, ки бо шунидани фикру пешниҳодотҳои ироашуда механизми нави корбариро дар фаъолияти ҳизбӣ бахусус дар самти кор бо ҷавонон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва тарбияи дурусти онҳо дар роҳи хештаншиносӣ фароҳам мегардонад.

Дар навбати худ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бойгонии минтақа” гуфт, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, барои ҳифзи ҷомеа аз таъсири манфии ҳамагуна зуҳуроти номатлуби хатарзо, нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва таъмину таҳкими амнияти давлат ва халқамон ҳамеша омода бошем.