ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДЕВОРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИРО БУНЁД СОХТ

Кӯлоб:  

Бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи чашм” вохӯрӣ баргузор гардид. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Зулфов Муҳаммадҷон дар назди ҳозирин ба сухан баромада, арзёбӣ намуд, ки меҳру муҳаббати беандозаи Пешвои миллат ба ватан буд, ки ҷомеаи парешонгаштаву навмедгардидаи тоқиконро зери ғояи ваҳдати миллӣ ба ҳам оварда, девору устувору бегазанди соҳибистиқлолиро бунёд сохтанд. Хушбахтона имрӯз дар Тоҷикистон амнияту осудагӣ таъмин аст ва мардуми тоҷик дар фазои ваҳдату ҳамдилӣ умр ба сар мебаранд.

Дар охир таъкид шуд, ки Пешвои миллат, ки барои расидан Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ аз ҳеҷ гуна хатару мушкилот наҳаросида, баъзан ҳатто ҷони худро ба хатар гузоштаву ва тамоми ҳаёти худро баҳри хизмат ба халқ сарф намудааст, яъне намунаи олии мардиву садоқат ба савганди хеш мебошад.