ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштараки ҳизбии "Мактаби ман" санаи 18 апрели соли 2024 дар муассисаи таълимии №3-и шаҳри Кӯлоб ҳамоиш бо хатмкардагони қаблӣ ва солҳои пешин, зери унвони "Мактаби ман!" доир карда шуд. Мақсад аз баргузории ҳамоиш ин ҳавасмандгардонии шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои тадбиқи амали барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникӣ ва бо ин васила ҷалб намудани онҳо ба корҳои бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла сохтани синфхонаҳои иловагӣ, варзишгоҳ дар ҳудуди муассиса, бунёди ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ, таъмири синфхонаҳо, таъмин бо мизу курсиҳо умуман мутобиқ гардонидани шароити муассиса ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар ҳамоиш шиносоӣ ва суҳбати дӯстона доир гардида аз ҷониби директори муассиса вазъи ҷории мактаб ва ниёзҳои моддию техникии он тариқи гузориш муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин, номгӯи таҷҳизот ва корҳои сохтмонӣ мушаххас бо нишондоди маблағи хароҷот манзури иштирокчиён карда шуд. Дар интиҳо иштирокчиён ҷиҳати саҳмгузорӣ намудан барои бартараф намудани ниёзҳои мактаб мувофиқи имконият ва шароит ҷалб карда шуданд. Бо истифода аз фурсат ба хатмкардагон барои иштирок ва саҳмгузорӣ дар ин кори хайру созанда изҳори сипос карда шуд.