НАЗОРАТИ РАВАНДИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГИИ ДОНИШҶӮЁН

Кӯлоб: Созандагони ватан  

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”-и назди Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба баланд бардоштани сифати таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯён ва ТҶҶ “Созандагони Ватан-3” 16-уми апрел муовини директор оид ба таълим Ҳусейнов З.А., роҳбари бахши таҷрибаомӯзӣ Эмомалиев С ва декани факултети Филология ва таърих Шарифов Б аз раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1,3 ва кӯдакистони "Ситора"- и шаҳри Кӯлоб дидан намуданд.

Маврид ба қайд аст, ки зимни боздид аз раванди таҷрибаомӯзӣ маълум гардид, ки донишҷӯён ҳамарӯза тибқи реҷаи муайяншуда ба муассисаҳо ҳозир шуда, дар якҷоягӣ бо омӯзгорон кору фаъолият намуда, барои ғанӣ кардани таҷрибаи худ ва дар амалия татбиқ намудани донишҳои назариявияшон кӯшиш ва талош менамоянд.

Зимни сӯҳбат бо аъзоёни ҲХДТ - омӯзгорони муассисаи таълимӣ, ки донишҷӯёни мо ба онҳо вобаста шудаанд, маълум гашт, ки онҳо аз рафти муносибат бо таълим ва тарбияи баланди таҷрибаомӯзон қаноатманданд ва иброз доштанд, ки дар ҳақиқат муҳассилини Коллеҷи омӯзгорӣ ҳамасола бо масъулияти баланд таҷрибаомӯзии худро иҷро менамоянд ва мо низ аз ин ҳамкориҳо хушнуд ҳастем.