ҲХДТ – ҲИЗБЕ, КИ МАСЪУЛИЯТИ ОЛИИ ВАТАНСОЗИРО БАР ДУШ ДОРАД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тибби оилавӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати Кӯлоб” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баромад намуда қайд дошт, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар деҳаю маҳаллаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои мафкураи носолим мубориза бурдан ва онро аз мағзи ҷомеа берун сохтан нишасту мулоқотҳо доир намуда истодааст. Чунин нишастҳо дар ростои эълон шудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» имконият медиҳанд, ки дар ҷомеа андешаи солиму тафаккури созандаро ташаккул дода, дар қадами навбатӣ ин мафкураи созандаро барои амалӣ намудани ҳадафҳои неку созандаи давлату Ҳукумат равона намоем.