КӮДАКОНИ ЯТИМУ БЕПАРАСТОР ТАҲТИ ҒАМХОРИИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи татбиқи  аксияи хизбӣ тахти унвони «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон  зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд»  бо ибтикори  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  ва иқдоми ташкилоти ибтидоии ҳизбии «С. Сафаров» ба  2 нафар маъюб кӯдак кӯмак расонида шуд.

Зимни аёдат волидайни аёдатшудагон аз дастгириҳои  давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдории хешро баён намуданд.