РИСОЛАТИ МУҲИМИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон аз муҳимтарин вазифаҳои аҳли маориф, падару модар ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Зеро аз оғози зинаи аввали таҳсил таваҷҷуҳ ба таълиму тарбия бояд ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Яъне, дар таълиму тарбия омӯзгор, падару модар ва муҳити ҷомеа масъулияти баробар доранд.

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва дар доираи Эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҷаласаи падару модарон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои зерин: риояи ҳатмии тартиботи дохилии донишкада аз ҷониби донишҷӯён, одобу муошират, давомоти донишҷӯён дар машғулиятҳо, масъулият ва вазифаҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, истифодаи барзиёди телефонҳои мобилӣ, дуруст истифода нагардидани сомонаҳои иҷтимоии интернет, вазъи сиёсии ҷаҳон, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии фарзандон, сафарбарсозии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, назорати ҳарузаи фарзандон дар раванди таълим, пешгирии ҷавонон аз ташкилотҳои экстремистию террористӣ, ҷалби фарзандон ба китобхонӣ ва забономӯзӣ, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, эҳтироми падару модар ва дигар масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзанд мавриди бараси қарор дода шуд.

Баъд аз барасии масъалаҳо падару модарон ибрози андеша намуда доир гаштани чунин ҷаласаро мувофиқ ва саривақти ҳисобида даъват ба амал оварданд, ки моҳе як маротиба чунин ҷаласаҳо доир гарданду аз таҳсил ва рафтори фарзандони хеш огаҳи ёбанд. Ин пешниҳодҳо бо хушнуди ва якдилона қабул гардид.