АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва дар асоси барқияи телефонӣ аз 06 марти соли 2024, №1/2-08 бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ аксияи ҳизбӣ зери унвони "ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ш. Шоҳин”-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ, инчунин кормандони масъули ҳизбӣ доир гардид. Бояд қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар нақша гирифтааст, ки ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр бо ҷалби аъзоёни ҳизб, аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва дигар кормандони ташкилоту идораҳо корҳои ободониву созандагиро ташкил ва баргузор намоянд.