КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ МАРОМИ МОСТ.

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи истиқбол аз ҷашни 30-солагии таҳсисёбии ҲХДТ  корҳои ободонию созандагӣ бо ҷалби соҳибкорони ватандӯсту саховатпеша бо маром идома дорад.

Бо иқдоми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб зиёда аз 700 метр роҳҳои маҳаллӣ тахту ҳамвор ва сангфарш карда шуд, ки ин иқдоми созанда аз ҷониби соҳибкорон дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шуда истодааст.