БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз (2.04.2024) бо ташаббуси КИИ "Олимон"конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик таҳти унвони “Энергияи сабз ва ҳифзи экосистемаҳои табиии минтақаи Кӯлоб-имконият барои рушди туризми экологӣ” баргузор гардид.

Дар конфронс Расулова Лутфия - декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, Гадоев Шералӣ – мудири кафедраи география ва сайёҳӣ, номзади илмҳои география, дотсент, Исупов Шердил - сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия, Ибрагимова Рухшона - номзади илмҳои география ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, декани факултет суханронӣ намуда, конфронсро ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро бахшида ба Рӯзи илми тоҷик табрик намуданд.

Сипас, дотсент Гадоев Шералӣ - дар мавзуи “Шароитҳои гидрологии минтақаи Кӯлоб омили рушди сайёҳии экологӣ”, Каримҷони Музаффар - ассистенти кафедраи география ва сайёҳӣ дар мавзуи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи туризми дохилӣ” ва Кенҷаев Ворис - муаллими калони кафедраи болозикр дар мавзуи “Тағйирёбӣ ва таҳаввулоти геосистемаҳо дар сатҳи сайёраи Замин” баромад намуданд.

Конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.