КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГИ БА ИСТИҚБОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ.

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  “Гулзор” дар шаҳри Кӯлоб, баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, дар корҳои ободонӣ саҳми худро мегузоранд.

Бахшида ба 30 юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ  ҳашари дастаҷамъона доир гардид, ки дар он Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  “Гулзор”,  фаъолона ширкат варзида, гирду атрофи муасисаро таъмир намуданд.