ОБОДИИ МАҲАЛ МАРОМИ МОСТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади  сазовор таҷлил гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва вусъати корҳои ободониву кабудизоркунӣ  санаи 14-уми марти соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ваҳдат" шанбегӣ доир карда шуд.

Шанбегӣ барои ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва тозаву озода гардонидани кӯчаю хиёбон ва гирду атрофи биноҳои корӣ сурат гирифта, дар он  кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ваҳдат” фаъолона иштирок намуданд.. Ҳамчунин, бехи дарахту буттаҳои коргоҳ мулоим карда шуда, ҷӯйборҳои обгузар аз партовҳо тоза ва дарахтони сершохи хушкшуда бурида шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизби низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани саҳн ва гирду атрофи  кучаю маҳалаҳо пайваста корҳои ободонӣ гузаронида шуда истодааст.