ДАР АРАФАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ  ҷиҳати  дастгирии шахсони ниёзманд  аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иқдомҳои хайриявӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Дар ҳамин замина аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи чашм” як амалӣ хайр  анҷом дода шуд, ки  як оилаи камбизоати шаҳрро бо маблағи пули кумак намуданд. Баъди анҷоми чунин амали хайрхоҳона аз ҷониби аъзоёни ҲХДТ  ин модари танҳо миннатдории худро ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.