ОЗМУНИ «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН»

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С. Даминзода ” озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бахшида ба ҷашни Наврӯз бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С. Даминзода ” ва дигар шахсони расми баргузор гардид. Озмун бо мақсади ҳавасмандӣ байни духтарон, дарёфти беҳтарин кадбону дар пухтани хӯрокҳои болаззати миллӣ, омода намудани хӯришҳои гуногун ва ҷалби бонувону ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ ва эҳёи таомҳои азбайнрафта роҳандозӣ шуд.

Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки даҳ даста дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С. Даминзода ”  гузаронида шуда, дар он ороиши дастархон бо пешниҳоди беҳтарин хӯрокҳо ва муаррифии хӯрокҳои миллӣ аз ҷониби кадбонуҳо ба ҳозирин намоиш дода шуд.

Озмун аз рӯи ҳафт шарт, аз ҷумла ороиши дастурхон, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва муосир, хӯришҳо ва амсоли ин сурат гирифта, аъзои ҳакамон аз маҳсули кори кадбонуҳо дидан карданд ва аз рӯи ҷамъбасти озмун беҳтаринҳо муайян гардиданд.

Ба ғолибону иштирокдорони озмун туҳфаи хотиравӣ супурда шуд.