БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 04.03.24 дар ташкилоти ибтидоии "Омӯзгор" мизи мудаввар дар мавзуи «Терроризм, пайдоиш ва роҳҳои пешгирии он» баргузор гардид. Дар ин мизи мудаввар муовини директор оид ба корҳои таълим Ҳусейнов З.А. мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот Раҳимов А., мудирони кафедраҳо ва донишҷӯён иштирок доштанд. Нахуст мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Раҳимов Диловар зимни сухани ифтитоҳии хеш доир ба пайдоиши терроризм ва экстремизм маърӯза намуда, донишҷӯёнро бори дигар бо ин гурӯҳҳои тундрав ва мақсади нохалафи онҳо шинос кард. Сипас, сухан доири ин мавзуъ ба мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот Раҳимов А. дода шуд. Устод оид ба ин мавзуъ суханронӣ намуда, донишҷӯёнро ба ватандӯстиву хештаншиносӣ даъват намуд. Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ бахши саволу ҷавоб бо донишҷӯён баргузор гардид, ки донишҷӯён ба саволҳои додаи худ посухҳо гирифтанд.