ҚАДРШИНОСИ НАМУДАНИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР АРАФАИ РӮЗИ МОДАР

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тавре маълум аст, дар тамоми гӯшаву канори мамлакатамон бахшида ба Рӯзи Модар чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ гузашта истодаанд. Зеро модар ҳақиқатан олиҳае ҳаст, ки боиси ситоишу меҳрубонӣ ва гиромӣ доштан аст. Аз ин ру, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тасмим гирифт, ки барои занону бонувоне, ки саҳми босазои худро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ гузоштанд қадршиносӣ намояд.

Ба ин хотир санаи 06.03.2024 аз ҷониби кормандони масъули ҳизбӣ ба Даминзода Арафамо муовини раиси шаҳри Кӯлоб ва Худойдодзода Шарофат ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.