ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ, БАХШИДА БА 31 СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 22-юми феврали соли ҷорӣ дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ворисони Сино» ҷамъомади тантанавӣ, бахшида ба 31 -солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу баргузор гардид. Дар чорабинӣ собиқадорони хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла: раиси интернатсионалистон ва собиқадорони шаҳру минтақаи Кӯлоб Исмоилов Сайфулло Асоевич; Аҳмадзода Сайалӣ Ғафур - директори ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «Ҷанг дар Афғонистон» дар шаҳру минтақаи Кӯлоб ва Азимов Сӯҳроб - муовини директори ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «Ҷанг дар Афғонистон» дар шаҳру минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд.

Чорабинии идонаро бо сухани ифтитоҳӣ директории муассиса доктори илмҳои тиб Азиззода Зубайдулло кушода, меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро, бахшида ба ин рӯзи пуршукӯҳ табрик намуд. Сипас раиси интернатсионалистон ва собиқадорони шаҳру минтақаи Кӯлоб Исмоилов Сайфулло баромад намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки воқеан Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рушд ниҳода, имрӯз ба як нерӯи пуриқтидори мудофиаи Ватан табдил ёфтааст. Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳарии Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 амалан дар ҷойи холӣ, яъне дар шароити набудани пойгоҳи моддиву техникии зарурӣ ва норасоии кадрҳои баландихтисоси фармондеҳӣ гузошта шуд. 18-уми декабри соли 1992 аз тарафи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Дар фарҷоми суханронии худ Исмоилов Сайфулло сипоснома ва нишони сарисинагии Раиси ташкилоти интернатсионалистон ва собиқадорони минтақаи Кӯлобро барои ҳамкории ҳамаҷониба бо ҳаракати ветеранӣ ба роҳбари муассиса тақдим намуд.

Дар ҳамоиш Азимов Сӯҳроб - муовини директори ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «Ҷанг дар Афғонистон» дар шаҳру минтақаи Кӯлоб суханронӣ намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки имрӯз ҳифзи Ватан, сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзаминамон – ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона созем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошад, ки Артиши миллӣ қобилӣ муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолияти Тоҷикистонро доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ зиндагии осоишта дошта бошанд.

Дар чорабинӣ аз тарафи Аҳмадзода Сайалӣ Ғафур - директори ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «Ҷанг дар Афғонистон» дар шаҳру минтақаи Кӯлоб ба як қатор омӯзгорони муассиса барои ҳамкории ҳамешагӣ бо созмонҳои собиқадорони Артиши миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ сипоснома тақдим карда шуд.

Ҳамзамон аз тарафи маъмурияти мкассиса ба меҳмонон ба хотири иштирокашон дар чорабинӣ, хизматҳои боадолатона дар роҳи ҳифзи Ватан ва таҷлил аз 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Чорабинии идонаро бахши фарҳангӣ ҳусни анҷом бахшид.