ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚА ОИД БА ФУТБОЛ ДАР ТИ ХОНАОБОД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тӯли чанд рӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хонаобод” мусобиқаи футбол доир гардид. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи футбол ташвиқу тарғиби ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба машғулияти ҷисмонии варзишӣ ва тарғиби васеи бозии футбол дар муассиса мебошад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи низомномаи мусобиқаи мазкур байни хонандагони синфҳои 8 то 11 гузаронида шуд.

Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хонаобод” қадрдонӣ карда шуданд.

Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб