ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар толори КИ ҲХДТ Кӯлоб бо ибтикори саркитобдори филиали  китобхонаи №4 – и китобхонаи марказии шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо МТМУ №50 ва МТМУ №41 чорабинии бадеӣ - фарҳанги бахшида ба 31-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Шоева Дилноза,  саркитобдори филиали  китобхонаи №4 – и китобхонаи марказии шаҳри Кӯлоб  - Одинаева Шарбону, Мудири шуъбаи методии китобхонаи марказии шаҳри Кӯлоб – Рафиев Абдулҳамид, Омӯзгори МТМУ №50 – Ҳакимов Сафар, Омӯзгори МТМУ №41 – Раҳимова Матлуба, хонандагон ва ҳайати омӯзгорони муассисаҳои номбурда баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро хонандагон бо як неруву руҳи болида дар сатҳи баланд баргузор намуданд. Ва дар ин чорабини хонандагон аз Артиши милли кишвар ёдовар шуда иброз доштанд, ки Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат 31 сол қабл дар як вазъияти бениҳоят мурракаб аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуда имрӯз ҳамчун сипари боътимоди Ватан дониста шудааст.