ПАЁМ - БАРНОМАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог” нақша - чорабиниҳо таҳия карда шуда дар байни донишҷӯён омӯзиши Паём бароҳ монда шудааст.

Тибқи нақша - чорабинии мазкур бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар байни донишҷӯёни басти дуюми факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ вохӯри баргузор гардид, ки дар он декани факултети мазкур н.и.и. Асоев Баҳодур, сардори раёсати тарбия Шарипов Р. М. саромӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ Шоинов Ҳасан иштирок ва нуқтаҳои муҳими онро мавриди омӯзиши донишҷӯён қарор доданд.

Гуфта шуд, ки аҳамияти Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки дар ин ҳуҷҷат нишондиҳандаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа сабт мегардад: самтҳои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян карда мешавад; идораи мантиқии сиёсати давлат инъикос мегардад; самтҳои афзалиятноки мақомоти давлатӣ муайян карда мешавад.

Дар идомаи вохӯрии мазкур инчунин Сафаров Зулфиқор - омӯзгори кафедраи иқтисодиёт дар ҳошияи Паёми Президенти кишвар ибрози андеша намуд.