Варзиш қисми муҳими фарҳанги умумибашарӣ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои миллии кишвар имрӯзҳо бо ташаббуси маъмурияти муассиса дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Омӯзгор" чорабиниҳои варзишӣ, илмӣ ва фарҳангӣ баргузор гардида истодаанд. Аз ҷумла, санаи 17-уми феврал байни донишҷӯйдухтарони муассиса мусобиқаи тенниси рӯйи миз гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 25 -нафар иштироки фаъол намуданд. Ин гуна чорабиниҳо то санаи 23-юми феврал баргузор мегарданд ва дар ҷамъбаст ғолибон бо мукофотҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.