ОЗМУНИ "ВАТАНПАРВАР" МУСОИДАТ НАМУДАНИ ҶАВОНОН БА ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИВУ ВАТАНДОРӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади бедор намудани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, эҳтирому арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, бедор намудани ҳисси худогоҳиву худшиносӣ, рушд додани малакаву истеъдодҳои онҳо ва ба ин васила ҷалб намудани ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, бахшида ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хатмкунандагони синфҳои 11-и муассисаи таълимии миёнаи умумии №1 чорабинии ҳарбӣ - ватандӯстии “Ватанпарвар” баргузор гардид.

Бойси қайд аст, тибқи нақшаи мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ташкил ва гузаронида шуд. Зимни чорабинӣ иштирокчиён маҳорату малакаи худро аз рӯи намудҳои гуногуни машғулиятҳои ҳарбӣ намоиш доданд.

Бояд қайд намуд, ки дар арафаи яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол 31-солагии таъсиси Артиши миллӣ, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватан мебошад, қарор дорем. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Ҷавонони бонангу номуси шаҳри Кӯлоб хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.

Чунин чорабиниҳои ҳарбӣ Ватандӯстӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дошта, сатҳи омодабошӣ ва тайёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.