ОЗМУНИ ҚИРОАТИ ШЕЪРИ БЕҲТАРИН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ  ва 30 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб озмуни “Қироати шеъри беҳтарин” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Давлатобод” гузаронида шуд.

Озмун 16-уми феврали соли 2024 дар ташкилоти ибитидоии ҳизбии “Давлатобод” бо иштироки хонандагони муассисаи мазкур  ҷамъбаст ва ғолибон бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.