ПАЁМ – МАҶМУИ ТАЪКИДҲОИ СОЗАНДА БА АҲЛИ ҶОМЕА

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навобод” оид ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чорабинӣ баргузор гардид.

Дар он муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминова Арафамо, намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони расми иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминова Арафамо ифтитоҳ карда, иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ раҳнамои самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда мебошад. Дар паём оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 7 соли сипаригардида ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои солҳои минбаъда муайян намуданд.

Зимни суханронии хеш дигар баромадкунандагон қайд намуданд, ки дар паём ба вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди иқтисодии устувори кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ вазифагузориҳо карда шудааст.

Дар охир дигар меҳмонон вобаста ба дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои паём ибрози андеша намуданд.