ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ДЕҲОТ ВОХӮРӢ НАМУД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и шаҳри Кӯлоб вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Амонулло, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз, муовини раиси ҷамоати деҳоти Даҳана, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб бо сокинони ҷамоати деҳоти Даҳана мулоқот намуданд.

Дар мулоқот Шарифҷон Ҳакимзода вакили Маҷлиси намояндагон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сухан гуфта, ҷавононро ба ватандӯстию хештаншиносӣ даъват намуд. Вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ вакил волидайни онҳоро даъват намуд, ки фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба хизмати Ватан-Модар равон намоянд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Амонулло сокинонро ба сарфакоронаю дуруст истифода бурдани неруи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва аз он гирифтани ду — се ҳосил, инчунин, захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ даъват намуд.

Ҳамзамон, ёдовар шуд, ки кишоварзони мамлакат аз дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, сайъ менамоянд, ки аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда, дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми арзанда гузоранд.