НИҲОЛШИНОНӢ ВА ГУЛПАРВАРӢ ХОСИ МАРДУМИ БОМАДАНИЯТ АСТ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҷ/д Даҳана деҳаи Таниёл дар якҷоягии бо сокинон ҳашари ниҳолшинони баргузор гардид, ки дар он масъулини аъзо ва ҷонибдорони ҳизб фаъолона иштирок намуданд.

Барои зебову назарабо гардидани деҳаву маҳалаҳо ва анҷом додани корҳои ободониву хуррамгардонӣ, сокинони деҳот бо дарки масъулияти баланд ва иҷрои рисолати шаҳрвандии хеш фаъолона иштирок намуданд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таниёл” барои нигоҳубини ниҳолҳои ҳамешасабз чораҳои саривақти андешида, бо лавозимотҳои зарури гирду атрофи онҳоро мустаҳкам намуданд.

Агар аз яктараф зебогиву сарсабзӣ ба ҳусни  деҳод таровати дигар зам намояд, аз тарафи дигар барои боду ҳавои тоза ниҳолҳои ҳамешасабз таъсири хуб мерасонад.