МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮЙИ НАМУДИ ФУТБОЛИ ХУРД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси КИИ «ОЛИМОН» миёни кормандон ва омӯзгорони факултетҳои КИИ мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди "Футболи хурд" ба истиқболи 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ аз 19.01.2024 то 24.01.2014 гузаронида шуд.

Дар мусобиқа 10 даста, 1 даста аз аҳли кормандони раёсат ва 9 дастаи дигар аз ҳисоби кормандон ва омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ иштирок ва қуваозмоӣ намуданд.

Баъди баргузории рақобатҳо дар финали мусобиқа дастаҳои кормандони раёсат, факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ барои ишғоли ҷойи якум ва дуюм ва факултетҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ва омӯзгорӣ ва фарҳанг барои ишғоли ҷойи сеюм байни ҳам сабқат намуданд. Дар натиҷа ҷойи якум насиби дастаи кормандони раёсат, ҷойи дуюм насиби дастаи факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷойи сеюм насиби дастаи факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг гардид.

Бояд ёдовар шавем, ки мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намуди “Баскетбол” низ миёни дастаҳо баргузор мегардад.