ОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зери чунин унвон ҳизбиён дар шаҳри Кӯлоб дар корҳои созандагиву ободонӣ мунтазам саҳмгузорӣ менамоянд.

Дар робита ба ин, ҳизбиён – сокинони маҳаллаи Зарринкуҳ ҷиҳати рафту омади бемамонияти сокинон роҳҳои байни деҳаро дастаҷамъона сангфарш намуданд.

Бояд гуфт, сокинони бонангу номус ва шахсони саховатпешаи ин  деҳа пайваста тариқи ҳашар ҳар гӯшаеро обод месозанд, ки дар ин муддат бо дастгирии сокинон тариқи ҳашар дар ин маҳалла, корҳои зиёди созандагиву ободонӣ ба анҷом расонида шудааст.