Шанбегӣ дар ти “ГУЛДАРА”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани ҳудуди ташкилоту муассисаҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо дар назди ташкилоти ибтидоии “Гулдара” шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузор намудани чунин шанбегиҳои дастаҷамъона тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани ҳудуди деҳа ба ҳисоб меравад. Тасмим аст, ки ин иқдом ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе гузаронида шавад.