МАРДУМ ДАР РОҲИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ҚАДАМ МЕНИҲАНД!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони деҳаи Бешкапаи ҷ/д Даҳана ҷиҳати ободу зебо гардонидани ҷойи ҷамъиятӣ, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои маркази шаҳр, гулгашту майдонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузор намудани чунин шанбегиҳои дастаҷамъона тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани ҳудуди деҳаю маҳалаҳо ба ҳисоб меравад. Тасмим аст, ки ин иқдом ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе гузаронида шавад.