ОБОДИИ КИШВАР АЗ ОБОДИИ МАҲАЛАМОН ОҒОЗ МЕШАВАД!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ дар якҷоягии тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ҷамоат ҳашари ниҳолшинони баргузор гардид, ки сокинон дар он фаъолона иштирок намуданд.

Барои зебову назаррабо гардидани ҳудуди ҷамоат ва анҷом додани корҳои ободониву хуррамгардонӣ, аҳли ҷамоат бо дарки масъулияти баланд ва иҷрои рисолати шаҳрвандии хеш фаъолона иштирок намуданд.

Агар аз як тараф зебогиву сарсабзӣ ба ҳусни ҷамоат таровати дигар зам намояд, аз тарафи дигар барои боду ҳавои тоза ниҳолҳои ҳамеша сабз таъсири хуб мерасонад.