ДЕҲАИ ОБОД СИМОИ СОКИНОНИ БОМАЪРИФАТИ ОНРО ИНЪИКОС МЕКУНАД!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Давлатободи Ҷамоати Деҳоти Зарбдор ҷиҳати ободу зебо гардонидани ҳудуди деҳот, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди деҳот, шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузор намудани чунин шанбегиҳои дастаҷамъона тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани ҳудуди деҳот ба ҳисоб меравад. Тасмим аст, ки ин иқдом ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе гузаронида шавад.